Навиди Вазорат



Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов

.

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё - Раванди  Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, ба хусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак, муҳимму назаррас арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон, самти дигари муҳими ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, баргузор гардад.

Дар робита ба афзоиши сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти ҷаҳон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

http://www.president.tj/node/25373#asht