Баррасии ҳамкориҳо бо Зирор Аҳмад Усмонӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ доир гардид.
Дар оғоз Ш.Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ҳамчунин, ҷониби Афғонистон изҳор намуд, ки муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои инфрасохтор, сохтмон, нақлиёт ва энергетика низ таҳким ёбанд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.