Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Вохӯрӣ бо намояндагони Полша

.

6 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша ҷаноби Анҷей Диха баргузор гардид. 

Ҷаноби Анҷей Диха ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша изҳори миннатдорӣ намуд.

Рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, ислоҳоти иқтисодӣ, тақвияти инфрасохтори сармоягузорӣ, омӯзиши таҷриба ва ғайра аз масъалаҳои матраҳгардида дар мулоқоти Ш.Раҳимзода бо ҷаноби Анҷей Диха маҳсуб гардид.

Дар интиҳои мулоқот атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор сурат гирифт.