Ба истифода додани хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замин ва оғоз бахшидан ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” дар шаҳри Истаравшан

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел”,  ”Турсунбой-бобо”-ро ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Барои обёрии заминҳои 4 хоҷагӣ чоҳи амудӣ аз чуқурии 120 метр канда шуда, бо ҳамин масъалаи таъмини заминҳои мавзеи мазкур бо оби полезӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, то ин дам дар 20 гектар замини ин мавзеъ танҳо ғалладонагии лалмӣ корида мешуд, ки ҳосили паст дошт. Акнун бо ифтитоҳи хати обрасонӣ, имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо дигар навъи зироатҳои кишоварзӣ низ кишт карда шавад.

Заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел” ва ”Турсунбой-бобо” аз рӯйи баҳогузории олимони соҳа серҳосил буда, бо дастрас гардидани оби полезӣ имконият аст, ки аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 700 сентнер пиёз, 300 сентнер картошка ва аз 20 то 40 сентнер ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шавад.

Обёрӣ гардидани заминҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ гардида, хоҷагидорон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсолотро зиёд намуда, ба ҳамин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо дар давоми бештар аз ду соли охир дар шаҳр 659 адад чоҳи амудӣ канда шудааст. Танҳо дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҷарқӯрғон 5 чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба ин васила заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.

Пас аз ифтитоҳи хати обрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди токзори навъи “кишмиш” дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” оғоз бахшиданд.

Боғи нав ба хотири васеъ намудани майдони токзор дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дар масоҳати 1 гектар замин бунёд гардида, дар он парвариши токи навъи “кишмиш” роҳандозӣ карда мешавад.

Барои бунёди токзори мазкур ниҳолҳои навъи маҳаллӣ, ки ба иқлиму хоку оби минтақа мутобиқ аст, истифода гардида, дар сурати нигоҳубини дуруст дар давоми се–чор сол токзор ба ҳосил медарояд.  Тибқи баҳогузории пешакӣ, аз як гектар токи навъи мазкур то 100 сентнер ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Токи “кишмиш” барои истеҳсоли мавиз истифода гардида, маҳсулоти мазкур дар бозорҳо серхаридор аст.

Токзори нав дар ҳудуди деҳоти “Зарҳалол” бунёд гардида, дар маҷмӯъ майдони умумии ин навъи токзор дар ин деҳот ба 450 гектар расонида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз 1710 гектар токзори “кишмиш”, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан мавҷуд аст, ҳамасола то 10 ҳазор тонна мавиз истеҳсол гардида, ҳам ба бозорҳои дохил ва ҳам ба бозорҳои хориҷи мамлакат содирот карда мешавад. 

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини дурусти токзори нав ба масъулину хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

http://president.tj/ru/node/25451

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное