Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия
12 апрели соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия Моҳд Абдул Карим бин Абдуллоҳ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, имконияти таъсиси платформаи савдои электронӣ ва таъсиси маркази логистикӣ барои содироти молу маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З.А. қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Портали савдои Тоҷикистон таъсис дода шуда, то имрӯз зиёда аз 100 ҳазор истифодабарандагон аз 40 кишвари ҷаҳон аз он баҳра мебаранд.
Бинобар ин Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд, ки имконияти ҳамгироии ин ду платформаи савдои электронӣ дар оянда баррасӣ карда шавад.
Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи Малайзия ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ ва ғайра ба роҳ мондааст.
Аз ин рӯ ҷониби Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориро дар ин самтҳо, хусусан таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.