Навиди Вазорат



Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.

ҶДММ «Ғаюрсаноат» бо сармоягузориҳои ватанӣ дар ҳаҷми 26 млн.сомонӣ бо таъсиси 30 ҷойи кории доимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Корхона зиёда аз 20 намуд маҳсулоти рақобатпазир ва хушсифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, хусусан 4 намуд ранги эмулсонӣ, 3 намуд ранги синтетикӣ, 4 намуд таҳранг, 6 намуд андоваи ороишӣ, калсид (зарачаҳои мармарӣ) ва барои эҳтиёҷоти худ сатилҳои пластикӣ ва қуттиҳои оҳанин истеҳсол мекунад.

Иқтидори истеҳсолии корхона ба 13,5 ҳазор тонна маҳсулот баробар мебошад. Аз ҷумла дар як шабонарӯз 25 тонна ранги эмулсионӣ, 10 тонна ранги синтетикӣ, 5 тонна таҳранг, 10 тонна андоваҳои декоративӣ, 20 тонна калсид, 1000 дона қуттии оҳанин ва 600 дона сатилҳои пластикӣ дар як шабонарӯ зистеҳсол карда мешавад. Танҳо дар семоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи корхона ба маблағи зиёда аз 217 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ауфен» оид ба коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар масоҳати 4 га қитъаи замини МОИ “Данғара” бо сармоягузориҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 15 млн. доллар ташкил карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсолоти солонаи корхона тибқи бизнес-нақша коркарди 120 000 тонна металлро ташкил дода, дар он таъсиси 82 ҷойҳои корӣ ва дар оянда барои 200 нафар пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2021 зиёда аз 1,5 млн. сомониро ташкил дод. Маҳсулоти корхонаи мазкур дорои сифати баланди ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, ба таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содирот ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Афғонистон ва Русия равона карда шудааст.

Ширкати осиёмиёнагии саноати ангишту кимиё ва сохтмониву сармоягузории Шенси аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ҷалби 22,8 млн. доллар сохта ба истифода дода шудааст. Самти фаъолияти он ба бунёди зеристгоҳи барқии 220/35/10 кВ, ду хати интиқоли барқи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии Шар-Шар ва НБО Сангтуда -1 ва таъмини корхонаҳои истеҳсолии минтақаи озоди иқтисодӣ ва ноҳияи Данғара нигаронида шудааст. Корхона дар қитъаи замини масоҳаташ 2 га бо таъсиси 30 ҷойи корӣ ва иқтидори истеҳсолии 250 МГВт сохта шуда, ҳаҷми хизматрасонӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 зиёда аз 600 ҳазор сомониро ташкил дод.

Корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Тоҷпласт-1” оид ба истеҳсоли қубурҳои полиэтинелӣ дар масоҳати 1 га қитъаи замин бо ҷалби 12,4 млн.сомонӣ сармоягузориҳои ватанӣ ташкил карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 50 ҳазор метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутрашон аз 16 мм то 500 мм буда, дар корхона барои 10 нафар ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар семоҳаи аввали соли 2021 4,5 млн. сомониро ташкил дода, бинобар рақобатпазирии баланд дар бозори ватанӣ ва хориҷӣ дар дохил ва берун аз кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамагӣ 26 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 13 субъект дар самти истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, пистаи мавсимӣ, металлоконструксия, бетон, коркарди қуму шағал, қубурҳои пластикӣ, рангубори сохтмонӣ, андоваҳои ороишӣ ва ранги синтетикӣ ва содироти он фаъолияти худро ба роҳ монда, 10 субъект барои оғоз намудани фаъолият омодагӣ дида истодаанд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз оғози фаъолияти он ба 1,8 млрд сомонӣ баробар гардида, дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии он ба маблағи 125 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар маҷмуъ аз оғози фаъолият шумораи ҷойҳои доимии корӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба 365 нафар баробар гардидааст.

Ҳамзамон аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ 1600 метр роҳи дохилӣ асвалтпуш карда шуда, масоҳати умумии роҳҳои дохилии асвалтпуш кардашудаи минтақа ба 3400 метр расид.

Дар рафти ифтитоҳи корхонаҳои номбурда Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави дигар, афзоиш додани истеҳсол ва содироти молҳо дар бозорҳои хориҷию дохилӣ супоришҳои дахлдор доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное