Мизи мудаввари навбатӣ дар Вазорат
“Банқшагирии рушди маҳаллӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъда” таҳти чунин унвон 25 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (Исфара, Рашт, Кӯлоб, Истаравшан, Ҷалолиддини Румӣ ва Шуғнон) – и кишвар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо суханони муқаддимавӣ Сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Насрединова Рухшона ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, хонум Лейли Моширӣ оғоз намуданд.
Дар ин раванд, сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ, Абдуллоев Мустафо ва намояндаи ЮНИСЕФ Юсуфхоҷа Қурбонхоҷаев дар мавзуъҳои “Банқшагирии рушди маҳаллӣ ва ҳуқуқҳои кӯдак: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъда”, “Мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо” ва “Ҷорӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар раванди банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи маҳал: Таҷрибаи ҳамкорӣ ва нақшаҳо” маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар, аз васеъ гардидани доираи фаъолияти Лоиҳаи муштараки байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ЮНИСЕФ ва дар ин замина ҳамчун шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ қабул гардидани Шуғнон, Ҷалолиддини Румӣ ва Истаравшан ибрози хушнудӣ изҳор карда шуд.
Инчунин, дар аснои баргузории чорабинии мазкур масоили марбут ба таҷрибаи андӯхташуда, сабақҳо ва мушкилиҳои ворид намудани масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар мисоли шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Исфара, Кӯлоб ва Рашт мавриди баррасӣ қарор додашуда, нақшаҳои фаъолияти якҷоя дар оянда муҳокима карда шуд.
Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён атрофи мавзуъҳои баррасигардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.