Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон
Рӯзи 4 майи соли равон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев баргузор гардид.
Завқизода З. А. аз ҳамкорӣ ва иштироки СОК СММ дар таҳия ва рафти иҷрои лоиҳаҳои дар кишвар татбиқшаванда изҳори минатдорӣ намуда, дар робита ба сиёсати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии давлат, инчунин имкониятҳои мавҷудаи робитаҳо дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Намояндаи СОК СММ низ дар навбати худ вобаста ва самтҳои фаъолияти созмон, чораҳои амалигардида, кӯмакҳои техникӣ, имкониятҳои ҳамкории ҷумҳурӣ бо он ҷониб дар соли ҷорӣ ва давраи минбаъда ибрози андеша намуд.
Қайд гардид, ки то давраи 31 декабри соли 2020 Намояндагии СОК СММ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи фаъоли миллиро бо маблағи умумии 8,1 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст.
Инчунин ҷонибҳо бо мақсади дастгириии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини босифати маҳсулоти озуқаворӣ ба аҳолӣ ифтитоҳи марказҳои логистикиро дар минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар оянда шумориданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.