Навиди Вазорат



Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

14 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзодаро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳозираро, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду кишвар ба даст омадааст, бо қаноатмандии амиқ қайд кард.

Кохир Расулзода ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, саломи гариу самимӣ ва таманиётҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Зимни мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои умедбахш дар соҳаи савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин муносибатҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва соҳибкорӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт.

Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки барои ҳаматарафа омода кардани саммити дарпешистодаи сарони давлатҳо таъмини амиқи шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳо ва халқҳои дусту бародар саъй менамояд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное