Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

14 майи соли 2021 дар шаҳри Тошканд, дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умурзақов Сардор Уктамович баргузор гардид.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Қайд гардид, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное