Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай: ҷанбаи минтақавӣ
Аз 30 июн то 4 июли соли 2014 дар шаҳри Харбини Ҷумҳурии Халқии Хитой нахустин намоишгоҳи ЭКСПО-и Россия-Хитой баргузор гардид.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур 3 июли соли ҷорӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай: ҷанбаи минтақавӣ» бо иштироки васеи намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода роҳбарӣ карда, ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзои СҲШ-ро қайд намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён доштанд.
Дар аснои мизи мудаввар мубодилаи афкори амалӣ вобаста ба дурнамои рушди иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳамоҳангии инвеститсионӣ байни минтақаҳои давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар самти тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои инвеститсия, нақлиёт ва ғайра пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.