Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар рафти мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Қазоқистонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, ба мардуми давлати дӯст сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти якуми Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев дар самти рушду густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расондани он, баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо идома диҳем”.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд, табодули андеша карданд.
Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.
Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.
Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Гардиши мол соли гузашта қариб 1 миллиард долларро ташкил дод.
Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ба хотири таъмиқи ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Тоҷикистон ҳавасмандии худро оид ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо, изҳор дошт.
Дар соҳаи нақлиёт зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар арсаҳо, аз ҷумла аҳамияти барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳокима карданд.
Ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, вобаста ба вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ҷонибҳо таҳкими ҳамкории муштараки сохторҳои амниятиро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, зарур шумурданд.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон изҳори сипос карданд.
http://president.tj/node/25780