Навиди Вазорат



Музокироти дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони иқтисод, рушди инфрасохтор, меҳнат ва сармоягузорӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Минск

.

 

28 майи соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд.

Кори ҷаласаи навбатии Шӯро бо мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз гардида, беш аз 10 муҳимтарин масъалаи фарогири самтҳои гуногуни ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз ҷумла Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ИДМ, Нақшаи миёнамӯҳлати амалиёти муштараки кишварҳои аъзои ИДМ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Созишнома дар самти амнияти санитарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ ва Созишнома дар соҳаи ҳамкорӣ дар самти ба шуғл фарогирифтани аҳолии кишварҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҳошия иҷаласаи Шӯро музокироти дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников М.Г., Вазири индустрия ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Атамқулов Б.Б., Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон Шапкенов С.Ж., Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Л.Ш. ва Муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Беларус Лобович А.В. баргузор гардид.

Дар доираи музокирот ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷорату иқтисод, пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллии кишварҳо, инноватсия, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди гардиши савдои хориҷӣ табодули назар намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам бештар тақвият додани корҳо дар самтҳои номбаршуда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда омодагии худро баён карданд.