Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
2 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.
Баробари ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо нишони эҳтироми хос нисбат ба меҳмони олимақом 6 ҳавопаймои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ҳавопаймои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро то вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.
http://president.tj/ru/node/25830