Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Вохӯрӣ бо намояндагони ХБА

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатон Данн баргузор гардид. 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, алалхусус, оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, суръати рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, савдо ва хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурд ва миёна, нарх дар бозори истеъмолӣ, воридоту содироти маҳсулот, аз ҷумла, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили меваю сабзавот, вазъи интиқоли пулӣ, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод баён доштанд.