Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 июни соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатольевич баргузор гардид.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Путин Владимир Владимирович муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Қайд гардид, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даҳсолаи охир ҷойи аввалро дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ишғол менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ аз Федератсияи Россия, таъсиси корхоноҳаи муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Россияро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.