Навиди Вазорат



Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун - Обигарм – Нуробод

.

 

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун- Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.  

Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо  1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.

Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.

Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда,  бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.

Маблағгузории пули бузург аз ҷониби Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ амалӣ мегардад, ки ҳаҷми он 50 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои тайёр кардани лоиҳаи муфассал ва асосноккунии техникӣ - иқтисодии пули мазкур созишнома байни Вазорати молия ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 3,2 миллион доллар ҳамчун кӯмаки техникӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа  дар ҳамин ҷо  бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Роғун - Обигарм - Нуробод расман оғоз бахшиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон бузург дар назди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод суханронӣ карданд.

Сарвари давлат нахуст кулли сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи  ҳозиринро ба муносибати оғози корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ, ки боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, табрик карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ таъкид доштанд, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат - Роғун - Нуробод - Рашт - Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Айтен Рустамова ва сокинони ноҳияи Нуробод баромад кардаанд.

http://president.tj/ru/node/25865