Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Нишасти матбуотӣ дар Вазорат

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид. 

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки бештар аз 20-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Буриев, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Буриев нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, дар оғоз мухтасар дар бораи фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2014 маълумот дод.

Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Муовинони Вазир Н.Буриев, У.Давлатзод ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардониданд.

Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, омилҳои рушди устувори кишвар, тавозуни воридоту содирот, раванди татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, робитаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ, вазъи корхонаи азими кишвар- “Талко” ҷиҳати истеҳсол ва содироти алюминий, ҷараёни иҷрои Созишнома оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ бо Федератсияи Россия, шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ, ташкил ва фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистону Қирғизистон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.