Навиди Вазорат



Бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳлили натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корҳои анҷомдодашуда дар самти иҷрои қарорҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 муайян карда шуданд. Қайд гардид, ки дар маҷмӯъ то ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда корҳои сохтмонию таъмирии 200 адад ё 95 фоизи онҳо ба анҷом расонида шуда, дар 10 иншооти боқимонда корҳо идома доранд. Аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо сохтмони Парчами давлатӣ ва азнавсозии боѓи фарҳангию фароѓатии маркази ноҳия оѓоз гардида, корҳо идома доранд. Завқизода З. А. ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар самти тақвияти корҳои бунёдкорию созандагӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои кишт, гирифтани 3-4 ҳосил аз онҳо, идома додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифодаи пурра ва самараноки иқтидори мавҷудаи ноҳия, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, пурра ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, инчунин бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои дахлдор доданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное