ПРЕСС – РЕЛИЗ Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2021
Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории макроиқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои кишоварзӣ ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 39,9 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд ва дар 5 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад.
Дар ин давра рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23,4 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2020-ум 9,2 фоиз), кишоварзӣ 8,1 фоиз (8,2 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,1 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2020-ум 4,6 фоиз коҳишёбӣ), мусофиркашонӣ 19,6 фоиз (8,7 фоиз коҳишёбӣ), гардиши савдои дохилӣ 17,2 фоиз (5,2 фоиз коҳишёбӣ), боркашонӣ 2,3 фоиз (3,3 фоиз коҳишёбӣ), хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 13,2 фоиз (14 фоиз коҳишёбӣ дар ҳамин давраи соли 2020-ум) ва гардиши савдои хориҷӣ 42,8 фоиз (1 фоиз), аз ҷумла содирот 1,9 маротиба (14,6 фоиз) таъмин гардид.
Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуд, ки аз ҳисоби 5,1 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 1,6 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Дар ин давра 78 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 963 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 16632,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 фоиз зиёд ва дар 5 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад.
Истеҳсоли нерӯи барқ дар нимсолаи якуми соли 2021 дар кишвар 10068,9 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 174,3 млн.кВт. соат ё 1,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар, аз ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик» 7584,4 млн.кВт. соат (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,7 млн.кВт. соат ё 5,0 фоиз кам, бе НОБ-и хурд), ҶСК НБО «Сангтӯда-1» 1228,9 млн.кВт. соат (131,2 млн.кВт. соат ё 11,9 фоиз зиёд), ҶСК «НБО Роғун» 761,8 млн.кВт. соат (165 млн.кВт. соат ё 27,6 фоиз зиёд), ҶСК НБО «Сангтӯда-2» 383,6 млн.кВт. соат (66,6 млн.кВт. соат ё 14,8 фоиз кам), ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 105,1 млн.кВт. соат (2 млн.кВт. соат ё 1,9 фоиз зиёд) ва НОБ-и хурд 5,1 млн.кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд.
Сабаби нисбатан кам истеҳсол шудани нерӯи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ 11 фоиз коҳиш ёфтани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ мебошад.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 12375,2 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ 8,5 фоиз ва чорводорӣ 7 фоиз рушд ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ (пешакӣ) майдони умумии кишти зироатҳо 434,4 ҳазор гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани замин (ба ҳолати 1.07.2021) дар майдони 62,5 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 ҳазор гектар зиёд аст.
Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2021 аз 74 адад (35 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 33 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он ба 38,1 млрд. сомонӣ (3,37 млрд. доллари ИМА) баробар гардид.
То 1 июли соли 2021 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 2,3 млрд. сомонӣ (203 млн. доллар) маблағ азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ 100 фоизи нақшаи молиявии давраро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3082,4 млн. доллар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,8 фоиз ё 923,7 млн. доллар зиёд аст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 содироти мол 1231,6 млн. долларро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 577,2 млн. доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст. Воридоти мол ба кишвар ба 1,85 млрд. доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои ҳамин давраи соли гузашта 345,6 млн. доллар ё 23 фоиз зиёд шудааст.
Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2021
Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2021 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2021, №14 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулшуда, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои муосири пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ва таъмини тамоюли мусбати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти МОИ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷониби вазорат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия гардид, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ шуд.
Инчунин «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №169) қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Дар баробари ин аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» таҳия гардида, ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод гардиданд.
Бо дар назар доштани шароити имрӯза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 266 қабул гардид.
Дар давоми нимсолаи якум ҷиҳати коҳиш додаги таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ду ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) баргузор карда шуда, дар он вобаста ба роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Барои дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани ҷараёни татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар назди вазорат Гурӯҳи кории байниидоравӣ «Оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021» таъсис дода шудааст, ки дар доираи он 27 барномаи соҳавию минтақавӣ баррасӣ гардида, аз натиҷаи 12 барномаи минтақавӣ бо дарҷи мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо, гузоришҳои муфассал ба Ҳукумати кишвар манзур карда шуд.
Дар ин давра аз ҷониби вазорат Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони кишварҳои аъзои СҲШ баргузор карда шуд.
Дар доираи фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ аз ҷониби вазорат тибқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд.
Рӯзи 5 январи соли 2021 ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягона оид ба амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзити молу маҳсулот барои аз шакли пилотӣ ба шакли пурра гузаштани он дар доираи нақшаи амал идома ёфта истодаанд.
Илова бар ин Портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда фаъолият дорад, ки ба ҳолати 26 июли соли 2021 шумораи истифодабарандагон 223 ҳазор нафар намояндагони беш аз 120 кишвари дунё расидааст.
Вазорат лоиҳаи нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022, нақшаҳои қабул ба зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос ва докторантура (анъанавӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои академияҳои давлатии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2021–2022-ро таҳия ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ, ҳамчунин ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» баргузор гардид.
Дар он 51 нафар ихтироъкор бо пешниҳоди 117 адад ихтироъҳои нав иштирок намуданд. Тибқи қарори Комиссияи озмун аз ин шумора 2 нафар ихтироъкор сазовори ҷоизаҳои олӣ, яъне медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ гардиданд, инчунин 3 нафар соҳиби ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нишони фахрии МД ММПИ» ва 4 нафар «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» гардиданд.
Дар ин давра вазорат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеъи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд.
Ба озмун аз ҷониби 114 нафар довталаб ба теъдоди 515 адад нишонҳои сохташуда пешниҳод гардиданд, ки тибқи қарори Комиссияи озмун ва дар мувофиқа бо Ҳукумати кишвар ду нафар ғолиби асосӣ ба ҳайси ҳаммуалиф ва 10 нафар ғолиб барои пешниҳодҳои ҷолиб муайян шуд.
Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 76 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 31 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 28 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» рост меояд.
Дар ин давра дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи 145,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Дар 6 моҳи соли 2021 шумораи кормандон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 1167 нафар баробар гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 ба вазорат 7681 адад мактуб ворид гардид, ки аз ин 1773 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4638 аз вазорату идораҳо (450 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 220 аз муассисаҳои зертобеъ, 245 аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 192 ҳуҷҷати махфӣ, 28 аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 135 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ мебошад.
Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 3105 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 125 адад ҳуҷҷати махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 вазорат 32 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 15 лоиҳа қабул гардида, 8 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд (рӯйхати санадҳо замима мегардад).
Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 5 фармоиши назоратӣ таҳия гардид, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.
Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар нимсоли якуми соли ҷорӣ ба он 132 хабар, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 78 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шудааст.
Рақам барои тамос:221-62-08; www.medt.tj; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .