Навиди Вазорат



Ҷаласаи “Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021”

.

Имруз, 29 июли соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зери роҳбарии муовини якуми Вазир – Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021, ки бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 18.02.2021, №14 таъсис дода шудааст, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор карда шуд.

Дар рафти ҷаласа муарифии 3 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла «Дар бораи Барномаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020» аз ҷониби муовини якуми мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб Исрорзода Исрор, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» аз ҷониби Собирзода Нуралӣ Миралӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Дилшод Ғанӣ сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷуиҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022» аз ҷониби Қурбонзода Хоналӣ Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури аъзои гуруҳи корӣ пешниҳод гардид.

Дар интиҳои маҷлис мубодилаи афкор перомуни корҳои иҷрошудаи барномаҳои мазкур сурат гирифта, ҳисоботи ҳар 3 барнома аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ пазируфта шуд.

Аз натиҷаи маҷлиси навбати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ тибқи тартиб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои дахлдор манзур карда мешавад.