Маросими супоридани ҷоизаҳо ба иштирокчиён ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон”
Санаи 30 июли соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода инчунин бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳо, тарроҳон ва рассомон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Озмуни «Бренди миллии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2017, №171039 (22.7), баргузор карда шуда, мақсади баргузории он - баланд бардоштани мавқеъи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар мебошад.
Ҳадафи асосии Озмун, муайян намудани нишонаи «Бренди милли Тоҷикистон» иборат буда, тибқи талаботҳои пешгузошташуда нишони эҷодшудае интихоб карда мешавад, ки муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имкониятҳои истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифгари маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Гурӯҳи корӣ оид ба сохтани «Бренди миллӣ Тоҷикистон», ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳавӣ таъсис дода шудааст, то анҷоми қабули ҳуҷҷатҳои довталабон (аз санаи 15 январ то санаи 19 марти соли 2021) аз ҷониби 114 нафар довталаб ба теъдоди 515 адад нишонҳои эҷодшуда (сохташуда) пешниҳод гардиданд.
Пас аз баҳогузории нишонҳои пешниҳодшуда бо қарори Гурӯҳи корӣ дар асоси супориши дахлдори Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Комиссияи озмун тибқи муқаррароти «Қоидаҳо оид ба гузаронидани озмуни «Бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони «Бренди миллии Тоҷикистон» интихоб гардид, ки муаллифони он Раҳмонов Хусрав Ҳусейнович ва Исломов Саъдӣ Тоҳирович мебошанд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи озмун ду нафар ғолибон Раҳмонов Хусрав Ҳусейнович ва Исломов Саъдӣ Тоҳирович бо ҷоизаи олӣ маблағи 20 000 ҳазор сомонӣ, Дипломи шоҳҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ, 10 нафари дигар - Сафарзода Мунис, Мирзоализода Ҳумайни Уктамҷон, Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон Зафарович, Довутова Меҳрангез Зиёратшоевна, Шарипов Маҳмуд, Аслов Баҳриддин, Исмоилов Ҳалимҷон Мирзоаминович, Қаҳҳорӣ Маҳбуба, Саидова Насиба Муродалиевна ва коркардчиёни нишон аз ҷониби ҶДММ «Нури Хирад» ҳамчун пешниҳодкунандаи нишонҳои ҷолиб бо Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи 1000 сомонӣ ва 104 нафар дигар иштирокчӣ бо “Сипоснома”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.