Навиди Вазорат



Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ

.

 

 

 

6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Мулоқоти машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон аз намоишгоҳи  маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд.

Аз намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидан карданд.

Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт.

Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон 12 коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнашикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дода, дар ин самт як қатор имтиёзро амалӣ сохт.

Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд карда шуданд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланди истеҳсолӣ расида, бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ низ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ ва армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии “Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо” муаррифӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хоси сайёҳӣ буда, имрӯзҳо имкон дорад теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро  ба маротиб афзун намояд.

Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зебоманзари Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.

Ҳангоми муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

 
facebook
twitter