Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мусоҳиба бо хабарнигорони "Жэнмин Жибао"

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мусоҳибаи Вазир Шариф Раҳимзода бо хабарнигорони намояндагии Рӯзномаи чинии "Жэнмин Жибао" дар Федератсияи Россия сурат гирифт. 

Дар ибтидо намояндагони рӯзномаи мазкур миннатдории хешро аз ризояти Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ҷиҳати анҷом додани мусоҳиба дар мавзӯи мавриди назар баён доштанд.

Сипас, Ш.Раҳимзода ба саволҳои сершумори хабарнигорони Рӯзномаи чинии "Жэнмин Жибао" оид ба масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт, инчунин, дастгирии бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сохтмони роҳҳо, хатти интиқоли барқ, лӯлаи газ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ғайра посух доданд.

Қобили тазаккур аст, ки хабарнигорони рӯзномаи мазкур дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани маводҳои таҳлилӣ аз дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дидан хоҳанд намуд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное