Навиди Вазорат



Сафарҳои пайвастаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои шиносоӣ ва тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуда истодааст .

Аз ҷумла дар рафти сафари кории навбатӣ, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 21-22 августи соли 2021 анҷом дода шуд, Завқизода З. А. аз раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳия дидан намуд.

Завқизода З. А. ҳангоми боздид аз ҷараёни азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, коргоҳи дузандагӣ, коллеҷи тиббӣ, бинои истиқоматии панҷошёна, китобхона, биноҳои маъмурӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хониши нави таҳсил, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо шахсони мутасаддӣ ва сохтмончиён вохӯриҳо анҷом дода, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода додани иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

То ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 200 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, дар 10 иншооти боқимонда низ корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст ва корҳои ороишию рангуборкунӣ, инчунин ободу зебо намудани гирду атрофи онҳо идома доранд.

Қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, шахсони саховатпеша, фаъолон, соҳибкорони ноҳия амалӣ шуда истодаанд.