Мулоқот бо соҳибкорони эронӣ
26 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Шариф Раҳимзода бо ҳайати Раёсати утоқи бозоргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки таҳти роҳбарии Раиси утоқи мазкур, Оғои Ғуломҳусейн Шофеӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар аснои мулоқот Ш. Раҳимзода иштироки фаъоли ширкатҳои эрониро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.
Сипас, роҳбари ҳайат Оғои Ғуломҳусейн Шофеӣ аз қабули самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, сафари ҳайати мазкурро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд фоли нек арзёбӣ кард. Дар рафти мулоқот намояндагони ҳайати мазкур оид ба фаъолияти ширкатҳои худ, ки соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад, маълумоти мухтасар манзур намуданд.
Ҳамчунин, миёни мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони ҳайти мазкур вобаста ба нақшаю дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.