Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ, шароити зиндагии аҳолӣ ва раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ аз 6 то 10 сентябри соли 2021 сафари корӣ анҷом дода шуд.
Дар раванди сафари мазкур аз ҷониби Завқизода З. А. 6 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ, бинои китобхонаи марказӣ, хати оби нӯшокӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти ширӣ ва иншооти қабули меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳия ифтитоҳ карда шуданд.
Қайд бояд кард, ки бо ба истифода додани 16 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №42 ва №44 барои хонандагон 400 ҷойи нишаст муҳайё карда шуданд.
Ҳамзамон бинои нави Китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ гардид, ки дорои 2 толори фонди китобӣ бо зиёда аз 70 ҳазор китоб, 1 толори калони хониш бо 20 ҷои нишаст ва 1 ҳуҷраи маъмурӣ буда, минбаъд ба сокинони ноҳия хизматрасониҳои сатҳи баландро таъмин менамояд.
Бо ба истифода додани хати оби нӯшокӣ, ки дарозии умумии он 43 км-ро ташкил медиҳад, зиёда аз 2,8 ҳазор сокинони деҳаи Сафедорони ҷамоати деҳоти Озодагон бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.
Дар назди корхонаи шири ноҳия аз ҷониби соҳибкор мағозаи фурӯши маҳсулоти ширӣ сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Дар даромадгоҳи ноҳия иншоот барои қабули меҳмонон, аз ҷумла бинои истироҳатӣ, лавҳаҳо бо расми қаҳрамонони Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ сохта шуда, дар гирду атрофи бино дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Қисми зиёди иншоотҳои мазкур аз тарафи сокинони ноҳия, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони ноҳия бунёд гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Ҳангоми ба истифода додани иншоотҳои қайдгардида Зақизода З. А. сокинони маҳалла ва ҷамоатҳои ноҳияро аз номи муҳтарам Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вазорат ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, оғози соли хониш ва рӯзи дониш табрик намуда, ба онҳо бурдбориҳо ва хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Панҷ бо иштирок ва суханронии табрикотии Завқизода З. А. паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар паради мазкур зиёда аз 1600 афсарону аскарони қисми низомӣ, маркази таълимӣ, ҳайати захиравии ноҳия ва техникаҳои гуногуни ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар идома Завқизода З. А. дар тӯи хатнасури зиёда аз 100 нафар кӯдакони ятими кулл ва оилаҳои ниёзманди ноҳия, ки бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони саховатманд баргузор гардид, иштирок намуда, ба кӯдакони ятими кулл ва шахсони маъюб туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карданд.
Инчунин роҳбарияти вазорат дар маҷлиси тантанавии ҷашнӣ баромад намуда, сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.
Қайд гардид, ки дар давоми солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил ба рушду нумӯи устуворонаи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноил гардид.
Завқизода З. А. ба 3 нафар сокинони ноҳия мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 медали Хизмати шоиста ва 1 медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби муҳтарам Пешвои муаззами миллат қадрдонӣ гардида буданд, дар сатҳи баланди тантанавӣ супориданд.
Дар идома Завқизода З. А. бо назардошти саҳми арзанда ва дастгирию кӯмаки пайваста дар корҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Панҷ бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон ва Сипосномаи Раиси ноҳияи Панҷ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин 30 нафар кормандон, шахсони фаъол ва собиқадорони меҳнат бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии ҷашнӣ бо ҳунарнамоии аҳли фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷамъбаст гардид.
Дар баробари ин бо иштироки роҳбарияти вазорат ва сокинони ноҳия роҳпаймоии зиёда аз 10 ҳазор нафар дар кӯчаи марказӣ ва барномаи фарҳангии театрикунонидашуда дар варзишгоҳи ноҳия дар сатҳи баланди тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабиниҳо Завқизода З. А. сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо бурдбориҳо таманно намуданд.
Қайд бояд кард, ки дар баромадҳои табрикотии Вазири рушди иқтисод ва савдо маълумоти мушаххас вобаста ба дастовардҳои назарраси соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ноҳия дар 30-соли Истиқлоли давлатӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби сокинони ноҳия хуш пазируфта шуданд.