Навиди Вазорат



Мақолаи Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. дар нашри махсуси маҷаллаи “Diplomatic World” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Брюссел ба забони англисӣ ба чоп расид.

.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел шумораи вежаи маҷаллаи “Diplomatic World” ба забони англисӣ ба нашр расид.

Маҷалла ба тарғиби дастовардҳои беназири кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлол бахшида шуда, мақолаҳои роҳбарони мақомоти давлатиро дар бар мегирад. Аз он ҷумла, мақолаи Вазири рушди иқтисод  ва савдо, Завқизода Завқӣ Амин дар мавзӯи “Мушкилоту дастовардҳо дар самти рушди иқтисодии кишвар дар тӯли 30 соли Соҳибистиқлолӣ” дар маҷалаи мазкур нашр шудааст.

Завқизода З. А. дар мақолаи худ қайд намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо талоши ҳукумат ва мардуми кишвар ва ҳамчунин дастгирии шарикони рӯшд дар самти рушди иқтисодии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.   

Маълумоти бештарро оид ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки дар мақолаи Вазири рушди иқтисод ва савдо дарҷ гардидааст, метавонед тавассути линки зерин  дастрас намоед.