Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ: «ВОДИИ РАШТ – ИМКОНИЯТҲОИ РУШД »

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд. 

Соли ҷорӣ Вазорат тасмим гирифтааст, ки Анҷумани байналмилалии иқтисодии навбатиро дар мавзӯи “Водии Рашт – имкониятҳои рушд” доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) дар шаҳраки Ғарм рӯзҳои 25-26 сентябр баргузор намояд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.

Инчунин, дар доираи Анҷумани мазкур баргузории мизҳои мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ (агробизнес, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), рушди иҷтимоии минтақа (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конференсияи илмӣ – амалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби Давлаталӣ Саид - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳо, асотсиатсияҳо ва ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон барои иштирок дар кори Анҷумани мазкур даъват намуда, ҳамзамон, агар Шумо хоҳиши баромад намудан ё иштирок дар намоишгоҳи онро дошта бошед, хоҳишмандем ба мо маълум намоед. Тел: 223-17-51 e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное