Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо директори Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 29 сентябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо директори Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия Шпиленко Андрей Викторович баргузор гардид.

Солеҳзода А.А. меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.

Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф рушд ёфта, инчунин дар самти ҳамкориҳои минтақаҳои озоди иқтисодии дуҷонибаи давлатҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Солеҳзода А.А. миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазоратро ба шарикони россиягӣ ҷиҳати дастгириҳои иқтисодӣ ва техникӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, қайд кард, ки рушди ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия барои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аҳамияти хосса хоҳад дошт.

Инчунин Шпиленко Андрей Викторович аз пазироии гарму самимӣ аз ҷониби ҳозирин изҳори сипос карда, туҳфаи хотирмонро ба Солеҳзода А.А. тақдим кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ Солеҳзода А.А. аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия изҳори минатдорӣ намуда, омодагии минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён дошт.

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное