Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори БАОР дар Тоҷикистон

.

30 сентябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Авруосиёии рушд Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Бонки Авруосиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никулин Николай Николаевич баргузор гардид.

Пеш аз ҳама Завқизода Завқӣ Амин ҷаноби Никулин Николай Николаевичро барои ба вазифаи нави масъулиятнок таъиншуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ таманно кард.

Ҳамзамон ҷонибҳо лоиҳаи Стратегияи кишварии БАОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро муҳокима намуда, тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қабили таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт мувофиқи талаботи муосир, сохтмони клиникаҳои бемориҳои сироятӣ, коркарди канданиҳои фоиданок ва таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумориданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор карданд.