Навиди Вазорат



Вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбарияти Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд

.

 

Санаи 8 октябри соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу ва муовини раиси Шӯро, Роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё хонум Шани Кемпбел вохӯрӣ баргузор намуд.

Завқизода З. А. сараввал хонум Сезин Синаноглу ва Шани Кемпбелро ба муносибати таъин шуданашон ба вазифаҳои пурмасъулияти Раис ва муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушди Тоҷикистон табрик намуд.

Ҳамзамон ёдовар шуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми машваратӣ бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор таъсис дода шудааст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои лоиҳаи рӯзнома, омодагӣ ва ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми миллии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯро бо ин мақсад гузориши ҷамъбастӣ оид ба татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои соли 2021-2025 муаррифӣ гардида, масъалаи такмили Низомномаи Шӯро барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон барои саҳмгузорӣ ба татбиқи самаранок ва босифати нақшаи чорабиниҳои барномаи нави миёнмуҳлат аз ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал оварда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои судманд омодагии худро изҳор намуданд.