Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея
19 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо баргузор гардид.
Завқизода З.А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Завқизода З. А. баён кард, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба дар 9 моҳи соли ҷорӣ рушд карда бошад ҳам ҳаҷми он ба назардошти муносибатҳои васеъи ҷонибҳо моро қонеъ карда наметавонад, бинобар ин бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Корея корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, алюминийи, электрикӣ ва хурокворӣ таъсис дода шавад, инчунин иштирок дар сохтмону таҷдиди иншоотҳои энергетикӣ ва иқтисоди рақамӣ таъмин карда шаванд, ки аз ҷониби Корея хуш пазируфта шуд.
Ҷониби Корея изҳор намуд, ки барои тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориро зиёд мекунад.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.