Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия Васлав Йилек

.

 

19 октябри соли 2021 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия Васлав Йилек дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои кишоварзӣ ва саноат иброз намуда, ҷониби тоҷикистонӣ пешниҳод намуд, ки машваратҳо байни Тоҷикистону Чехия дар нимсолаи якуми соли 2022 вобаста ба баррасии масъалаҳо, имкониятҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои нигоҳдорӣ ва содироти меваву сабзавоти тару тоза баргузор гарданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.