Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқизода Завқи Амин бо директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

.

 

25 октябри соли 2021 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқи Амин бо директори идоракунандаи БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, Роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Ишии, мушовири директорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, Аврупои Ғарбӣ ва Қавқоз Евгений Офрихтер ва бонкдори пешбари кишварӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Завқизода З. А. масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи сармоягузориҳои давлатӣ, ки аз ҷониби БАТР дастгирӣ мегарданд, самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сохтмони НБО “Роғун”, ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири дорои арзиши баланди изофашуда, сохтмони марказҳои логистикӣ, татбиқи самараноки Барномаи миёнмуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, таъмини кумаки техникӣ барои таҳияи нақшаи амали “иқтисоди сабз” ва ғайра пешниҳод гардиданд, ки хуш пазируфта шуд.

Ҷониби БАТР барои тақвият додани фаъолияти худ дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои “иқтисоди сабз”, такмили идоракунӣ дар корхонаҳои давлатӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, дастгирии бахши хусусӣ дар самти истеҳсоли қувваи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи нерӯ, ташкили ҷойҳои корӣ, таҳкими иқтидори зеҳнии корхонаҳои бахши хусусӣ, инчунин дастгирии соҳаҳо ва самтҳои дар рафти мулоқот пешниҳодгардидаи сармоягузорӣ ва пешниҳоди кумаки техникии зарурӣ омодагии худро зоҳир намуданд.