Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он меҳмонон- узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Шаҳрия Аҳтамзода ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мансури Шодмон Ҷамолиддинзода ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тантанавиро бо суханони муқаддимавӣ муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Буриев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни миллӣ- Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеъа комёбиҳо таманно кард. Ӯ зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ба забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳиммияти ин масъаларо таъкид менамоянд.

Дар анҷоми баромадаш Н.Буриев қайд намуд, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Комиссияи татбиқи Қонуни забон пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, тарҷумаю истифодаи дурусти истилоҳоти иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аъзои Комиссия мақсад доранд дар оянда низ таҳти муқаррароти Қонуни нави забон фаъолияти худро густурда ба роҳ монда, дар татбиқи он саҳми худро гузоранд.

Сипас, шоираи нозукбаёни тоҷик Шаҳрия Аҳтамзода ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мансури Шодмон Ҷамолиддинзода дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», одоби муошират, истифодаи истилоҳоти соҳавӣ андешаҳои худро баён намуданд. Шоира Шаҳрия Аҳтамзода ҳамзамон аз ашъори тозаэҷодашон оид ба васфи забон якчанд шеър қироат кард ва дар интиҳо байни кормандони Вазорат ва меҳмонон оид ба паҳлуҳои мухталифи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.