Ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ
27 октябри соли 2021 ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси қисми тоҷикистонии Комиссия Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло роҳбарӣ намуд.
Ҳайати Украинаро бошад Муовини вазири иқтисоди Украина – намояндаи тиҷоратии Украина, Раиси қисми украинии Комиссия Тарас Качка роҳбарӣ мекард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Насриддинзода Р.Ҳ. таъкид кард, ки барои Тоҷикистон таҳкими равобити дуҷонибаи мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ бо Украина вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин, Насриддинзода Р.Ҳ. пешниҳоднамуд, ки рӯйхатиинтиқолҳои мутақобилаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Украина васеъ карда шавад.
Ҳамзамон ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар лоиҳаҳои муштараки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо инчунин муҳимияти идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори транзити ҳарду кишварро қайд намуда, масъалаи азсаргирии парвозҳои мустақими мусофирбарӣ дар масири Киев-Душанбе-Киевро баррасӣ намуданд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур ба ҷонибҳо дастур дода шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои маориф, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома диҳанд.
Дар анҷоми ҷаласа Протокол ба имзо расид.