Навиди Вазорат



Тоҷикистон ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдоро раисӣ намуд

.

 

Рӯзи 16 ноябри соли 2021 ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ки чорабиниро роҳбари ҳайати кишвар, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ раисӣ намуд.

Абдураҳмонзода А. С. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА новобаста аз давраи ҳассоси буҳронӣ, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар ҳоли муътадил ҷараён дорад ва вобаста ба корҳои амалигардида ҳисоботи гурӯҳи кориро пешниҳод намуд.  

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА дар чаҳорчӯбаи СУС, Стратегия ва Харитаи роҳи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи принсипҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар давраи пандемия ва рақамикунонии соҳа мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар қатори дигар давлатҳои минтақа дар ҷаласа вазъи кунунии соҳа, ташаббусҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии коронавируси COVID-19 ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли охир пешниҳод карда шуд.

Изҳор гардид, ки дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақшаи тадбирҳо қабул гардид. Дар ин радиф новобаста аз паҳншавии бемории ҳамагир ва паёмадҳои он дар ҷаҳон, дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар Тоҷикистон рушди ММД нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4,2 фоиз таъмин гардид.

Қайд бояд кард, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ин чорабинӣ ҳамасола дар ҳошияи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси гурӯҳи корӣ- Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои СПЕКА тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.