Навиди Вазорат



Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи “Нақлиёт ва савдои устувор барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия” бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Чумхурии Точикистон бо Роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи Форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти содагардонии низоми нақлиётӣ ва расмиёти савдо, ҳамчун омили асосӣ барои иқтисоди сабз байни кишварҳои аъзои СПЕКА баррасӣ гардида, инчунин вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби намояндагони кишварҳо ва коршиносони байналмилалии соҳавӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардид.

Роҳбари ҳайати кишвар – Абдураҳмонзода А. С. дар Форум дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар робита ба корҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Портали савдои Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод кард, ки иштирокдорон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, Барномаи иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025-ро қабул намудааст, ки дар онҳо вазифаву афзалиятҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ бо назардошти ҳадафхои рушди устувор пешбинӣ гардидаанд. Бинобар ин барои расидан ба ҳадафҳои санадҳои қайдгардида дар самти таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ зарур арзёбӣ карда шуд.

Дар охири Форум ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои савдову нақлиёт ҳамчун шохаҳои муҳим ва таъминкунандаи рушд барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия “Эъломияи Тошканд” қабул гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное