Навиди Вазорат



Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

.

 

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо Туркияро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва хушбахтона имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо раванди устувор касб намудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

 Давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард (2,14) доллари амрикоиро ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон Туркия, ба таври самаранок истифода карда шавад.

Аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) - дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масоили муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар омили муҳимми таҳкими муносибатҳои дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.  

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

http://president.tj/ru/node/27322