Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ бо роҳбарии Восидиён Фарҳод Саъдулло-Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, ки дар он тибқи нақша се барнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024».

Оид ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ҳамасола фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ» ва Нақшаи кории он ба тасвиб мерасад.

Тибқи Нақшаи тасдиқгардида дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ дар соли 2021 10 ҷаласа баргузор гардида, ҷараёни иҷрои 27 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд ва аз натиҷаи 22-тои он гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.