Рушди ҳамкориҳо бо Австрия
Имрӯзҳо тамоми шароит барои сармоягузорон ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё карда шудааст, афзуд Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода дар аснои вохӯрӣ бо директории генералӣ оид ба робитаҳои хориҷии Вазорати федеролии илм, тадқиқот ва иқтисоди Австрия/Раиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ,ҷаноби Франтс Вессиг, ки ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Австрия ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофии масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди содирот, сайёҳӣ, иқтидори истеҳсолии ҷумҳурӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳоти мухталифи иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуданд.