Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Котиби иҷроия Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)

.

Рӯзи 2 декабри соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо муовини Котиби иҷроия Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Мариясин ва Сафири Ҷумҳурии Австрия дар Швейтсария хонум Элизабет Тичӣ-Фисслбергер вохӯрӣ намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории иктисодии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Австрия дар доираи СУС ва СПЕКА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Завқизода Завқӣ Амин барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки мавриди назар кумакҳои худро бештар намоянд, ки аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.