Баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Маблағгузории СМР-2030 ва ҲРУ” дар шарикӣ бо ЮНИСЕФ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байналхалқии фавқулодаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байниидоравӣ “Маблағгузории СМР-2030 ва ҲРУ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассосиатсиятҳои соҳавӣ, академияи миллии илмҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа харитаи роҳ барои маблағгузории ҲРУ дар Тоҷикистон ҳадафи муайян кардани камбудиҳои маблағгузорӣ ва тадбирҳое, ки ба Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 кумак мекунанд, муаррифӣ карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа таҳлили рушди кунунӣ, заминаи иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон ва амалҳое, ки барои сафарбар кардани захираҳои иловагии молиявӣ барои кумак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи мушкилиҳои молиявӣ барои ноил шудан ба ҲРУ ва СМР то соли 2030 муҳокима шуданд.
Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37 бо телефони 221-13-53 муроҷиат намоед.