Навиди Вазорат



Роҳбарияти вазорат ба ятимони кулл, бепарастон ва қисми низомии ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд

.

Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва бепарастон, инчунин аскарони қисми низомии ноҳияи Панҷ кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд. Аз ҷумла 200 кг орд, 200 кг биринҷ, 200 кг шакар, 60 кг макарон, 100 литр равған ва 120 адад таҳфаҳои солинавӣ ба онҳо супорида шуданд.

 

Роҳбарияти вазорат кудакони ятими кулл, бепарасторони ноҳияи Панҷ ва афсарону аскарони қисми ҳарбии ноҳияро бо фарорасии соли нави 2022 аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо самимона шодбош гуфта, ба онҳо бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу намуданд. Инчунин қайд гардид, ки ғамхорӣ намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон дар мадди назари доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.