Туҳфаҳои солинавӣ ва кӯмакҳои моддӣ ба Мактаб - интернати н. Нуробод
Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ кӯмаки моддӣ, аз қабилӣ 15 халта орд, 75 литр равған, 100 килограмм биринҷ, 50 килограмм шакар, 102 килограмм макарон 140 адад туҳфаҳои соли навӣ, 10 баста мизу курсӣ ва 10 адад рахти хоб ба Мактаб - интернати мазкур супорида шуд.
Илова бар ин ба ятимон, маъюбон ва як қатор эҳтиёҷмандони ноҳияи Шоҳмансур ва дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ низ расонида шуд.