Форуми Хитой – Осиёи марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

17 январи соли 2022 Форуми «Хитой-Осиёи Марказӣ» тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Муовини Сарвазир – Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон, Муовини директори генералии Саҳомии миллии нефту гази Хитой ва дигарон иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин муаррифӣ намуда, зимни суханронии худ қайд намуд, ки солҳои охир ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони давлатҳои иштирокчиёни Форум, аз ҷумла бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой босуръат рушд карда, ба сатҳи баланд баромадаанд.

Ҳамчунин, Завқизода З.А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ бо Хитой нисбат ба соли 2020 78 фоиз афзуда, ҳиссаи савдо дар соли 2021 13,2 фоизро ташкил дод, ки он дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 4-ум қарор дорад.

Дар анҷоми Форум намояндагони кишварҳои ширкаткунанда аз дастовардҳои хуби минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод қайд намуда, омодагии худро барои боз ҳам афзун намудани онҳо изҳор доштанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное