Навиди Вазорат



Вохӯрӣ бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баргузор гардид.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи як чанд лоиҳаҳои ҷориро мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварро муҳокима карданд.

Инчунин Завқизода З.А. пешниҳод намуд, ки ҷониби Германия барои амалӣ гардонии иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное