Навиди Вазорат



ПРЕСС – РЕЛИЗ Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2021

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПРЕСС – РЕЛИЗ

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2021

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2021 нишон медиҳад, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, андешидани тадбирҳои зиддибӯҳронӣ ва меҳнати саноатчиёну кишоварзони кишвар новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба вазъи мураккаб ва душвори иқтисодию иҷтимоии глобалӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.

Ҳамин тариқ дар соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 98,9 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб меравад.

Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд.

Дар соли 2021 рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз (дар соли 2020-ум 9,2 фоиз), кишоварзӣ 6,6 фоиз (8,8 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23,3 фоиз (4,6 фоиз коҳишёбӣ), гардиши савдои дохилӣ 13 фоиз (6,8 фоиз коҳишёбӣ), хизматрасонии пулакӣ 7,9 фоиз (2,6 фоиз коҳишёбӣ), мусофиркашонӣ 12,6 фоиз (2,5 фоиз коҳишёбӣ), боркашонӣ 2,7 фоиз (0,3 фоиз коҳишёбӣ), ва гардиши савдои хориҷӣ 39,5 фоиз (0,8 фоиз), аз ҷумла содирот 52,8 фоиз (19,8 фоиз) таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар соли 2021-ум 8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 (9,4 фоиз) 1,4 банди фоизӣ кам буда, аз ҳисоби 7,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 7,5 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 11,3 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2021 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ 309 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла 162 корхонаи саноатӣ) бо 5130 ҷойҳои корӣ (2139 дар корхонаҳои саноатӣ) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38826,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 22 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 12,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 16,3 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард, 1,5 маротиба истихроҷ, 15,2 фоиз таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 9,2 фоиз таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа таъмин гардид.

Истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2021 дар кишвар 20623,8 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум 853,3 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд таъмин гардид.

Дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 39769,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2020 6,6 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла растанипарварӣ 5,9 фоиз ва чорводорӣ 8,4 фоизро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳо дар майдони 861,6 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 4,9 ҳазор гектар ё 5,7 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ (ба ҳолати 1 сентябри соли 2021) дар майдони 105333 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 3,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 1586,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 876,1 ҳазор тонна, пахта 388,8 ҳазор тонна, сабзавот 2597,6 ҳазор тонна, картошка 1041,3 ҳазор тонна, полизӣ 818,8 ҳазор тонна, мева 444,4 ҳазор тонна ва ангур 267,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғаладонагиҳо 24,5 ҳазор тонна ё 1,6 фоиз, аз он гандум 12,4 ҳазор тонна ё 1,4 фоиз, сабзавот 117 ҳазор тонна ё 4,7 фоиз, картошка 18,8 ҳазор тонна ё 1,8 фоиз, полизӣ 61,8 ҳазор тонна ё 8,2 фоиз ва ангур 27,6 ҳазор тонна ё 11,5 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли меваҷот 26 ҳазор тонна ё 5,5 фоиз (асосан аз ҳисоби коҳиш ёфтани истеҳсоли зардолу дар ҳаҷми 56,4 ҳазор тонна ё 35,3 фоиз) истеҳсоли пахта 25,1 ҳазор тонна ё 1,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2021 истеҳсоли гӯшти паранда ба 44,1 ҳазор тонна ва тухм 1053,5 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда 44 фоиз ва тухм 7,2 фоиз зиёд мебошад.

Соҳаи моҳипарварӣ тадриҷан рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои соҳа дар ҷумҳурӣ ба 366 адад расонида шуд ва дар соли 2021-ум 4389,4 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 ва истеҳсоли моҳӣ 23,2 фоиз зиёд мебошад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз 78 адад (39 лоиҳаи грантӣ, 7 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 42 млрд. сомонӣ (3,7 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6359,1 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 39,5 фоиз ё 1801,3 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот то ба 34 фоиз баланд ва воридот ба 66 фоиз паст гардид.

Содироти мол 2149,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз ё 742,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст ва воридоти мол 4209,5 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1058,6 млн. доллар ё 33,6 фоиз зиёд гардидааст.

Вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 41,7 фоиз, маъдану консентратҳо 16 фоиз, нахи пахта 9,4 фоиз, алюминийи аввалия 6,3 фоиз, қувваи барқ 4,5 фоиз, дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 4,1 фоиз, семент 2,1 фоиз, меваю сабзавот 1,7 фоиз, металлҳои сиёҳ 1 фоиз, либос ва қисмҳои он 0,9 фоиз ва дигар маҳсулот ташаккул ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои воридотивазкунӣ дар соли 2021 ба маблағи 21 миллиард сомонӣ маҳсулоти воридивазкунанда истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2020 воридоти баъзе намуди маҳсулот коҳиш ёфт, аз ҷумла металлҳои сиёҳ 94,2 ҳазор тонна ё 19,5 фоиз, орд 33,2 ҳазор тонна ё 36,9 фоиз, равғани офтобпараст 21,2 ҳазор тонна ё 23,8 фоиз, гӯшти мурғ 10,3 ҳазор тонна ё 72 фоиз, маводҳои шустушӯӣ 10,1 ҳазор тонна ё 18,7 фоиз, маҳсулот аз санг, гулгаҷ ва семент 6,2 ҳазор тонна ё 5,9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 2,5 ҳазор тонна ё 23,1 фоиз, оби ҷав 1,3 ҳазор тонна ё 31 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 1,3 ҳазор тонна ё 8,7 фоиз, меваҳои тару тоза 1,1 ҳазор тонна ё 73,3 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 0,2 ҳазор тонна ё 1,3 фоиз ва ғайраҳо.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрока ҳамчун ашёи хоми нимтайёр барои коркарди дохилӣ (13,1 фоиз) ва барои истеъмол (8,8 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (9,8 фоиз), таҷҳизоти технологӣ (9 фоиз), воситаҳои нақлиёти заминӣ (8,5 фоиз), мошину таҷҳизоти барқӣ (6,6 фоиз), металлҳои сиёҳ (6,2 фоиз), гази моеъ (5 фоиз), чӯбу тахта ва маҳсулот аз он (3,6 фоиз), маҳсулоти полимерӣ, пластмассӣ (2,6 фоиз), маҳсулот аз металлҳои сиёҳ (2,4 фоиз), маҳсулоти фармасевтӣ (2,3 фоиз) таҷҳизот ва дастгоҳҳои оптикӣ (1,7 фоиз), гилхок (1,3 фоиз), нуриҳои минералӣ (1 фоиз) ва ғайраҳо ташкил медиҳад. 

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2021

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2021 ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2021, №14 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қабулшуда, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои муосири пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ва таъмини тамоюли мусбати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуд.

Дар соли ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷониби вазорат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия гардид, ки бо қарори Маҷлиси намояндагон аз 16 июни соли 2021, №441 тасдиқ шуд.

Дар баробари ин «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №169), «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460) ва «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №358) қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бо дар назар доштани шароити имрӯза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №266 қабул гардида, иҷрои он барои таъмин намудани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд.

Дар соли 2021 вазорат 3 ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) баргузор намуд, ки дар ҷаласаҳои баргузоргардида масъалаҳои пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ оид ба роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин пешгирии болоравии нархи сӯзишворӣ ва таъсири эҳтимолии манфии он ба иқтисодиёти миллӣ баррасӣ шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул гардид ва барои дастури минбаъда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба роҳбари зинаи якуми Гурӯҳи корӣ гузориши таҳлилӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон вазорат аз натиҷаи ҷаласа Нақшаи мувофиқашудаи чорабиниҳо оид ба пешгирии болоравии нархи сӯзишворӣ ва таъсири эҳтимолии манфии он ба иқтисодиёти миллӣ таҳия намуда, барои баррасӣ ва дастури минбаъда ба вазорату идораҳои мутасаддӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари зинаи якуми Гурӯҳи корӣ ирсол намуд ва аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ ва барои чораҷӯӣ ба вазорату идораҳо пешниҳод шудааст (аз 24 августи соли 2021, №2364 (22.6).

Инчунин вазорат дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 «Дар бораи Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 11 январи соли 2022 ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявиро гузаронида, қарори дахлдор қабул гардид ва барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Дар рафти ҷаласаи Шӯро масъалаҳои марбут ба таъсири паёмадҳои КОВИД-19 ба фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ломбардӣ, таҷрибаи бонкҳои марказӣ ҳамчун танзимкунандаи азим (мегарегулятор)-и бахши молиявӣ, таъмини устувории фискалӣ вобаста ба қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва роҳҳои коҳишёбии хавфҳои эҳтимолӣ, инчунин раванди қарздиҳӣ ва хавфҳои он дар низоми бонкӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021» таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар тасдиқ гардиданд.

Барои дар сатҳи баланд таҳлил ва арзёбӣ намудани ҷараёни татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар назди вазорат Гурӯҳи кории байниидоравӣ «Оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2021» таъсис дода шудааст, ки дар доираи он 27 барнома рӯнамо бо иштироки Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва масъулини соҳа гузаронида шуда, гузоришҳои муфассал бо назардошти дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок гуфтушунид намуд, ки дар давраи миёнамуҳлат ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешаванд.

Дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси Комиссияҳои байниҳукуматӣ созишномаҳои грантӣ дар ҳаҷми умумии 81 млн. доллар ба имзо расонида шуда, расмиёти дохилӣ ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳои боқимонда ба маблағи умумии 53 млн. доллар идома дорад.

Аз ҳисоби маблағҳои қарзи бебозгашти Хитой сохтмону азнавсозии роҳи Кӯлоб – Муъминобод, ки 35 километрро дар бар мегирад ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федеративии Германия оид ба ҳамкориҳои молиявӣ барои соли 2019 аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо «Шартнома дар бораи додани грант ва татбиқи лоиҳаи «Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа байни Бонки олмонии рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ширкати «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17 млн. евро ба имзо расид.

Инчунин вазорат барои ҷалби 20 млн. евро гранти Ҳукумати Германия ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рушди устувори деҳот тавассути истифодаи мутобиқшудаи замин ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» корбарӣ дорад.

Дар баробари ин вазорат барои ҷудо намудани 12,5 млн. евро гранти Ҳукумати Германия лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ барои соли 2020»-ро таҳия намуд, ки айни ҳол дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Илова бар ин вазорат тиқби нақша барои ҷалби маблағҳо бо Бонки Исломии Рушд ва Бонки Авруосиёии  Рушд корбарӣ дорад.

Дар ин давра аз ҷониби вазорат Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирони иқтисоду тиҷорати давлатҳои аъзо ва нозири СҲШ баргузор карда шуд.

Инчунин 30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конфронси 8-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россияро баргузор намуд.

Дар доираи фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ аз ҷониби вазорат тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, Корея ва Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд.

Рӯзи 5 январи соли 2021 ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар соли 2021 корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзити молу маҳсулот барои аз шакли пилотӣ ба шакли пурра гузаштани он дар доираи нақшаи амал идома ёфта истодаанд.

Илова бар ин Портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда фаъолият доранд, ки ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021 аз он 267815 нафар аз 100 кишвари дунё истифода намуданд.

Вобаста ба шомилшавии кишвар ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+) дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми қайдгардида аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои мутасаддӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои гирифташуда дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) рӯзҳои 6-8 декабри соли 2021 ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд, ки кишварҳои аъзо ба дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо дар қариб 9 соли узвият дар СУС баҳои баланд доданд.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 79 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 1221 нафар кор мекунанд.

Дар соли ҳисоботӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи 374 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 160 млн. сомонӣ ё 74 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2021 ба 121 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 45 млн. сомонӣ ё 59 фоиз зиёд аст.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2021-ум 44 млн. сомонӣ ба буҷет пардохтҳои андозию гумрукӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2020 47 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2021 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо 14207 адад мактуб, аз ҷумла 3655 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8950 аз вазорату идораҳо (900 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), 342 аз муассисаҳои зертобеъ, 510 аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 275 ҳуҷҷати махфӣ, 75 аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 400 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи ҳуҷҷатҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 5100 адад мактуби ҷавобӣ ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Дар ин давра вазорат 46 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 25 лоиҳа қабул гардида, 2 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар соли 2021 ба он 220 навид, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 87 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шуд.

Вазорат ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазифаҳои низомномавии худ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаашро тибқи тартиби муқарраргардида дар сомонаи вазорат ва расонаҳои чопию интернетӣ бо нашр мерасонад.

Рақам барои тамос:221-62-08;

www.medt.tj; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

Барои қайд:

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное