БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар нуҳ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ Вазир, Шариф Раҳимзода маърӯза намуд.
Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди ММД, сатҳи таваррум, гардиши савдои чакана, вазъи корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳаҷми содироту воридоти молу маҳсулот ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.